Маснавӣ
Ало, эй сабо, рав, сари хеш гир,
Замоне раҳи дӯстӣ пеш гир.
Чу оҳи дили ошуфтагон гарм рав,
Саҳаргаҳ ба атрофи Хоразм рав.
Зи норе ба нуре саломе бибар,
Зи коҳе ба кӯҳе паёме бибар.
Ба ҳар манзиле ҷустуҷӯе бикун,
Ба ҳар бедиле гуфтугӯе бикун.
Хабар пурс аз пухтагони ниёз,
Ба хомони афсурда макшой роз.
Чу ёбӣ ба сӯйи саодат нишон,
Бикун, ҳар чӣ ҳаст аз иродат нишон.
Ба шарти адаб рӯй бар хок неҳ,
Қадам ҳамчу Исо бар афлок неҳ.
Сагонро сано гӯю хотир биҷӯй,
Бар он остон номи Носир бигӯй.
Чу дар кӯйи давлат паноҳат диҳанд,
Чу дар манзили васл роҳат диҳанд,
Бибор ашку аз сина оҳе барор,
Салому заминбӯси ман арза дор.
Саломе сабукрӯҳтар аз насим,
Саломе дар ӯ бӯйи аҳди қадим,
Саломе муаттар чу бӯйи биҳишт,
Саломе, ки ҷон сӯйи ҷонон навишт,
Саломе, ки ояд аз ӯ бӯйи дард,
Саломе хабардода аз рӯйи зард,
Саломе ба хуноби ҳасрат сиёҳ,
Саломе муҷаррад, дигар ҷумла оҳ.
Ба хуни ҷигар чеҳра ороста,
Ҳама узри номардумӣ хоста.
Гар он ҷо таваққуф даме бошадат
В-аз он маҳрамон ҳамдаме бошадат,
Ҳадиси муҳаббат фаровон бикун,
Пас он гаҳ шикоят зи ҳиҷрон бикун.
Сиришки надомат равон кун зи рӯй,
Малолат гараш н-овард ин ба рӯй.
Фалон дар сабурӣ басе ранҷ бурд,
Давое надид аз ғами ҳаҷру мурд.