Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
То назокат з-он хироми қадди дилҷӯ мечакад,
То назокат з-он хироми қадди дилҷӯ мечакад, Аз ҳаё сарв об гашта, бар лаби ҷӯ мечакад. Рамзи зулфи ӯ ба саҳрои Хутан шуд ошкор, Хуни ҳасрат то абад аз нофи оҳу
Моҳи ман имрӯз дар Мисри малоҳат шоҳ шуд,
Моҳи ман имрӯз дар Мисри малоҳат шоҳ шуд, Юсуф аз шарми ҷамоли ӯ ба зери чоҳ шуд. Ҷоми май бе ёди лаъли ӯ насиби ман мабод, Ҳамдами базмам агарчанде ки меҳру мо
Оҳ, аз даври фалак, як лаҳза бар комам нашуд,
Оҳ, аз даври фалак, як лаҳза бар комам нашуд, Қуръаи фоли тараб як бор бар номам нашуд! Дар ҳавои васли матлаб кардам аз ором рам, Ҳеч амре мӯҷиби таскини орома
Китоби оразашро то саводи хат намоён шуд,
Китоби оразашро то саводи хат намоён шуд, Зи мазмуни бароташ мӯр меҳмони Сулаймон шуд. Нигоҳи ҳайратангезаш бисот орост шӯхиро, Рами чашми ғизолон аз хаданги но
Аз табассум лаъли ӯ то нашъа аз мул мекашад,
Аз табассум лаъли ӯ то нашъа аз мул мекашад, Чеҳраи мино арақ аз шарми қул-қул мекашад. Аз ҳаданги нози чашми шӯхи ӯ эмин мабош, Наштари мижгони ӯ хун аз раги г
Ҳар киро дил маҳви он ойинаи рухсор шуд,
Ҳар киро дил маҳви он ойинаи рухсор шуд, Ҷилваи ойинаи ӯ шӯхии дидор шуд. Чашми масташ карда ҳар дам тоза кеши кофарӣ, Аҳриманро зулфи ӯ то ҳалқаи зуннор шуд.
Маро ишқи ту то сармояи дунёву дин бошад,
Маро ишқи ту то сармояи дунёву дин бошад, Аз он аз дину дунё ҳосили умрам ҳамин бошад. Зи доғи фурқатат нолам, вале чун най наменолам, Ки ин андӯҳу меҳнат бо ма
Маро аз оламу одам ғами ишқи ту бас бошад,
Маро аз оламу одам ғами ишқи ту бас бошад, Ба пеши оташи ишқат дилам монанди хас бошад. Аз он рӯзе, ки афтодам ба доми чун ту сайёде, Аз он рӯ пераҳан дар тан м
Зулфи мушкин то ба даври моҳи рӯяш ҳола зад,
Зулфи мушкин то ба даври моҳи рӯяш ҳола зад, Шӯри тӯфон аз навоям дар найистон нола зад. Зоҳид, аз баҳри Худо, сӯзи даруни мо мапурс, К-аз ҳадиси оташи ишқаш ла
Шаҳобосо нигоҳам аз сипеҳри дида метозад,
Шаҳобосо нигоҳам аз сипеҳри дида метозад, Тамошо дар бисоти оразаш шатранҷ мебозад. Ало шоҳе, ки фарзинваш рақиби каҷ ба ӯ ҳамдам, Маро ӯ бегунаҳ аз ростӣ рухмо
Оташи ишқи кӣ хокам туҳфа бар бод оварад?
Оташи ишқи кӣ хокам туҳфа бар бод оварад? Нанги ҳастӣ обрӯи нестӣ ёд оварад. Хома мелағзад зи дасташ аз камоли лоғарӣ, Сурати мо бар қалам ҳар гаҳ ки Беҳзод ова
То килки сунъи чашми ту сармашқи ноз кард,
То килки сунъи чашми ту сармашқи ноз кард, Ҳамчун тазарв нози ту дар чашми боз кард. Омад силоҳи ғамзаат аз баҳри ҳуши ман, Кард ончунон ба ман, ки ба Маҳмуд Аё
Ғубори сурма то дар хонаи чашмаш ватан дорад,
Ғубори сурма то дар хонаи чашмаш ватан дорад, Сиёҳӣ парда аз сози тағофул дар бадан дорад. Насими турраи пурпечутоби анбаросояш Ба дасти қосиди боди сабо мушки
Агар ойина бар рӯи ту арзи муддао дорад,
Агар ойина бар рӯи ту арзи муддао дорад, Зи дасти суратат занҷири ҳайронӣ ба по дорад. Асои қомати пирист ёди сарви озодат, Чу ман ҳар кас ба ёди абруят қадди д
Агар шамъи далели улфати мо раҳнамо гардад,
Агар шамъи далели улфати мо раҳнамо гардад, Пари парвонаро хосияти боли ҳумо гардад. Гар ин бошад сулуки сархати меҳроби абрӯяш, Қади моҳи нав аз баҳри суҷуди ӯ
То хаёли абруяш кардам, сарам омад ба ёд,
То хаёли абруяш кардам, сарам омад ба ёд, Ёди мижгонаш намудам, ханҷарам омад ба ёд. Кӯҳро дидам, зи тамкин пой дар доман кашид, Ибрате мехостам, гӯши карам ома
Эй он, ки дорӣ як хирмани рух,
Эй он, ки дорӣ як хирмани рух, Як бӯса кофист аз маъдани рух! Килки нахустин кардаст таҳрир Аз хатти райҳон бар домани рух.
Боз аз ранги ҳино шуд панҷаи дилдор сурх,
Боз аз ранги ҳино шуд панҷаи дилдор сурх, Ранги домони шафақ омад кунун пайкор сурх. Оламе дорад хаёли захми теғи абруяш, Кош аз хунам бувад он теғи ҷавҳардор с
Гарчи дар майхона бар лаб хандаҳо дорад қадаҳ,
Гарчи дар майхона бар лаб хандаҳо дорад қадаҳ, Чашми ибрат сӯи ин базми фано дорад қадаҳ. Дар ҷаҳон сад шӯр аз як ҷоми тақсими азал, Ҳеч медонӣ, ки андар дил чи
Ҳар кас, ки бошад ҳамхонаи субҳ,
Ҳар кас, ки бошад ҳамхонаи субҳ, Чун меҳр гардад парвонаи субҳ. Дорад зи мастӣ чун баҳри амвоҷ Андар даҳан каф девонаи субҳ.
То тавонӣ, гир дар набзи адаб тӯмори мавҷ,
То тавонӣ, гир дар набзи адаб тӯмори мавҷ, Рӯзу шаб мебош ҳамчун баҳр андар кори мавҷ. Ашки ҳасратро ба дуккони надомат арза деҳ, Муштарӣ хоҳӣ ба ҷинси хеш дар
Гар ба ин шӯхӣ бувад ойинаи дарёи мавҷ,
Гар ба ин шӯхӣ бувад ойинаи дарёи мавҷ, Лағзиши наззора моҳӣ метавон шуд ҷои мавҷ. Ҳалқаи найранги авҳомат хаёле беш нест, Аз шикасти ранг занҷире бувад дар пои
Меканам ҷон дар ғами ӯ, кандани ҷонам абас,
Меканам ҷон дар ғами ӯ, кандани ҷонам абас, Дар вафояш аҳд кардам, аҳду паймонам абас! Нолаам бишниду таъсире ба гӯши ӯ накард, Аз фироқаш гиряву фарёду афғонам
Парешон ҷаъди сунбул аз сари зулфи сумансоят,
Парешон ҷаъди сунбул аз сари зулфи сумансоят, Кушода ғунча аз хандидани лаъли шакархоят. Бувад наззора чун ойина лаззатгири дидорат, Саропо дидаи наргис бувад м
Сарви ман, боз о, ки то сарви хиромон бинамат,
Сарви ман, боз о, ки то сарви хиромон бинамат, Ҳар тараф ҷавлон намо, то масти ҷавлон бинамат. Шуд дилам парвона андар оташи шамъи рухат, К-аз фурӯғи чеҳра бар

