Хоки Ватан
Тоҷикистон – мазҳари ман,
Сарзамини камзамин,
Ту саросар кӯҳсорӣ,
Ту саросар сангзорӣ,
Чунки фарзандони ту дар роҳи таърихи дароз
Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯи бахти худ
Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.
Ҳар куҷо рафтанд маҳҷуру ғариб
Аз фироқат ҷуфти онҳо нолаю андӯҳ шуд.
Ҷумла дар кӯи ғарибӣ хок гаштанд, эй дареғ,
Орзуҳошон дар ин ҷо санг басту кӯҳ шуд.
Ҳар куҷо рафтанд онон
Ё ба Макка ё Мадина,
Ё ба ғурбат, ё тиҷорат,
Ё гуреза аз ҳама тазвиру кина,
Мушти хокатро ба киса ёдгорӣ бурдаанд.
То агар рӯзе бимиранд аз қазо,
Дар ғарибӣ бекасу беошно,
Хоки ту бошад нишони охирин...
Тоҷикистон! –
Сарзамини камзамин,
Хоки ту ин сон парешон гаштааст,
Бо ҳама хоки ҷаҳон ин гуна ҳамсон гаштааст.
Хоки ту
Бо сари пуршӯри Деваштич то Бағдод рафт,
Он сари аз тан ҷудо,
Аз ту ҷудо
Бо дод аз бедод рафт.
Хоки ту
Бо сари Рахшона то Юнон расид,
Бо ҳазорон нолаю афғон расид.
Монд дар Табрез бо наъши Камол,
Бо Замин омехт, то шуд безавол.
Хоки Ҳиндустон зи Бедил дил гирифт,
Наъши ӯ то ҷовидон манзил гирифт.
Бурд Сино то Ҳамадон хоки ту,
Монд он ҷо мушти хоки поки ту.