Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Мавҷи гул бе ту хорро монад,
Мавҷи гул бе ту хорро монад, Субҳ шабҳои торро монад. Ба фусуни нишот хун шудаам, Нашъаи ман хуморро монад.
Мактуби шавқ ҳаргиз бе номабар набошад,
Мактуби шавқ ҳаргиз бе номабар набошад, Мову зи хеш рафтан, қосид агар набошад. Ҳар ҷо танид фитрат, як ҳалқа дошт гардун,
Муҳаббат ситамгар набошад, набошад,
Муҳаббат ситамгар набошад, набошад, Вафо заҳматовар набошад, набошад. Дили ҷамъ муҳрест бар ганҷи иқбол, Агар киса пурзӯр набошад, набошад.
Гар тамаъ дасти талаб во мекунад,
Гар тамаъ дасти талаб во мекунад, Бар қаноат ханда лаб во мекунад. Гарм меҷӯшӣ ба лаззоти ҷаҳон, Ин шакар дуккони таб во мекунад.
Ғар бӯи вафоро нафас оина набошад,
Ғар бӯи вафоро нафас оина набошад, Ин доғи дил авлост, ки дар сина набошад. Сад умри абад ҳеҷ наярзад ба гузаштан, Имрӯз хушӣ ҳаст, агар дина набошад.
Гар шавқ ба роҳат қадаме пеш барорад,
Гар шавқ ба роҳат қадаме пеш барорад, Чун обила болиданам аз хеш барорад. Он ҷо ки хаёли ту диҳад арзи таҷаммул, Танҳоиям аз ҳар ду ҷаҳон беш барорад.
Гарди аҷзам, хушхиромон сарфарозам кардаанд,
Гарди аҷзам, хушхиромон сарфарозам кардаанд, Саҷдаворе доштам, гардунтирозам кардаанд. Занге аз шӯхӣ надорам, ҳайрати оинаам, Инқадарҳо гулрухон таълими нозам к
Кори ҷаҳон хоҳ аҷз, хоҳ сарӣ мекунад,
Кори ҷаҳон хоҳ аҷз, хоҳ сарӣ мекунад, Огаҳӣ ин ҷо куҷост, бехабарӣ мекунад. Мақсади азми нафас ҳеҷ намудор нест, Як тапиши побагил номабарӣ мекунад.
Қумоши ранг зи бас беҳиҷоб мебофанд,
Қумоши ранг зи бас беҳиҷоб мебофанд, Ба рӯи гул зи даридан ниқоб мебофанд. Мабош мункири асрори синачокии мо, Ба коргоҳи саҳар офтоб мебофанд.
Фусурдагиҳои сози имкон таронаамро инон нагирад,
Фусурдагиҳои сози имкон таронаамро инон нагирад, Ҳадиси тӯфоннавои ишқам, хамӯшӣ аз ман забон нагирад. Зи дастгоҳи ҷаҳони сурат наям хиҷолаткаши кудурат, Чу оин
Фусурдан аз мизоҷи шуъла хокистар бурун орад,
Фусурдан аз мизоҷи шуъла хокистар бурун орад, Тараддуд чун нафас сӯзад, зи худ бистар бурун орад. Ба ашке кулфати дил кай тавон бурдан, ки дарё ҳам Ятимӣ 343
Олами гирифторӣ хуш тасалсуле дорад,
Олами гирифторӣ хуш тасалсуле дорад, Ҷӯши нолаи занҷир боғи сунбуле дорад. Ҳамчу кӯзаи дӯлоб ҳар чӣ зери гардун аст, Ё тараққиоҳанг аст, ё таназзуле дорад.
Ақл агар сад анҷуман тадбир равшан мекунад,
Ақл агар сад анҷуман тадбир равшан мекунад, Фикри Маҷнун сатре аз занҷир равшан мекунад. Доғи навмедӣ диле дорам, ки дар ҳар дам задан Шамъҳо аз оҳи бетаъсир ра
Ид аст, ғубори сари роҳи ту тавон шуд,
Ид аст, ғубори сари роҳи ту тавон шуд, Қурбонии қурбони нигоҳи ту тавон шуд. Уммед шаҳиди дами шамшери ғурурест, Бисмил зи хами тарфи кулоҳи ту тавон шуд.
Умри арзал,337
Умри арзал,337 эй Худо, магмор бар нерӯи мард, Раъшаи пирӣ мабодо резад оби рӯи мард! То нагардад аҷзи тоқат шабнамэҷоди арақ,
Ишқи мутрибзодае бар сози тақво зӯр кард,
Ишқи мутрибзодае бар сози тақво зӯр кард, Донаи тасбеҳро зоҳид хари танбӯр кард. Бо ҳама вомондагӣ рӯзе ду озодӣ хуш аст, Хонаро натвон ба андӯҳи тааллуқ гӯр ка
Золим чӣ хаёл аст муаддаб бадар ояд?
Золим чӣ хаёл аст муаддаб бадар ояд? Он нест каҷӣ, к-аз думи ақраб бадар ояд. Май чорагари кулфати зуҳҳод нагардид, Тӯфон магар аз уҳдаи мазҳаб бадар ояд?
Толеъам зулфи ёрро монад,
Толеъам зулфи ёрро монад, Вазъи ман рӯзгорро монад. Дил ҳавасташна аст, варна, сипеҳр Косаи заҳри морро монад.
Сафофиреб фақеҳон нафас гудохтаанд,
Сафофиреб фақеҳон нафас гудохтаанд, Ки ҳар тараф чу таяммум вузӯи сохтаанд. Дар ин бисот ба ҷуз ранги рафта чизе нест, Касе чӣ сон барад он бозие, ки бохтаанд?
Сабре, ки субҳи ин боғ аз мо ҷудо нахандад,
Сабре, ки субҳи ин боғ аз мо ҷудо нахандад, Гул мерасад, ду дам бош, то бар қафо нахандад. Ҷамъияти дил ин ҷост мавқуфи бастани лаб, Ин ғунчаро даме чанд бигзор
Шӯхӣ баҳори табъи чаманзод мешавад,
Шӯхӣ баҳори табъи чаманзод мешавад, Чандон ки сарв қад кашад, озод мешавад. Вазъи ҷаҳон сафири гирифтории ҳам аст,
Шамъи базмат чӣ қадам бардорад?
Шамъи базмат чӣ қадам бардорад? Пойи мо обилаи сар дорад. Гули ин боғ гиребончок аст, Ханда аз захм кӣ бовар дорад?
Шудам хоку нагуфтам, ошиқам, кор инчунин бояд,
Шудам хоку нагуфтам, ошиқам, кор инчунин бояд, Зи ҷайбам сурма рӯёнед, асрор инчунин бояд. Лаб аз хамёзаи теғи ту захми мо набаст охир, Ба роҳи субҳи раҳмат чаш
Сели ғаме ки дод, ҷаҳони хароб дод,
Сели ғаме ки дод, ҷаҳони хароб дод, Хокам ба бод дод, ба ранге ки об дод. Роҳат дар ин бисоти ҷунунхез мушкил аст, Махмал агар шавӣ, натавон тан ба хоб дод.
Сухан, зи машқи адаб, мавҷи гавҳараш гиред,
Сухан, зи машқи адаб, мавҷи гавҳараш гиред, Кам аст лағзиши хат, гар ба мистараш гиред. Ба бастани мижа хатм аст дарси илму амал, Ҳамин варақ ба ҳам ореду дафта

