Сафофиреб фақеҳон нафас гудохтаанд,
Сафофиреб фақеҳон нафас гудохтаанд,
Ки ҳар тараф чу таяммум вузӯи сохтаанд.
Дар ин бисот ба ҷуз ранги рафта чизе нест,
Касе чӣ сон барад он бозие, ки бохтаанд?
Зи вазъи бебарии сарву бед ибрат гир,
Ки гардананду аҷаб мухталиф фарохтаанд.
Маоли равнақи гул то ба доғ пинҳон нест,
Дар ин чаман ҳама товусҳои фохтаанд.
Зи арзи шавкати дунон магӯ, ки мӯре чанд
Зи бол бар сари худ теғи фитна охтаанд.
Мадеҳ зи саъйи фузулӣ ғубори амн ба бод,
Баҳеҷсохтагон қадри худ шинохтаанд.
Зи истиқомати ёрони арса ҳеҷ мапурс,
Чу шамъ ҷумла аламҳои рангбохтаанд.
Ба гарди қофилаи рафтагон расидан нест,
Нафас масӯз, ки бисёр пеш тохтаанд.
Мабош ғофил аз андози шеъри Бедили мо,
Шуниданист навое, ки кам навохтаанд.