Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Толеъам зулфи ёрро монад,

Толеъам зулфи ёрро монад, Вазъи ман рӯзгорро монад. Дил ҳавасташна аст, варна, сипеҳр Косаи заҳри морро монад. Нафаси ман ба ин фусурдадилӣ Дуди шамъи мазорро монад. Баски бе дӯст доғи сӯхтанам, Гулханам лолазорро монад. Хори дашти талаб зи обилаам Мижаи ашкборро монад. Нақши поям ба водии талабат Дидаи интизорро монад. Аҷзам аз вазъи худсарӣ водошт, Нотавонӣ виқорро монад. Ёр дар ранги ғайр ҷилвагар аст, Ҳамчу нуре ки норро монад. Ҷигари чоки субҳу домани шаб Шонаву зулфи ёрро монад. Узлат оинадори расвоист, Ин ниҳон ошкорро монад. Нек дар ҳеҷ ҳол бад нашавад, Гул муҳол аст, хорро монад. Бо ду олам муқобилам карданд, Ҳайрат оинадорро монад. Мояи беғамӣ диле дорам, Ки чу хун шуд, баҳорро монад. Ҳар чӣ аз ҷинси нақши по пайдост, Бедили хоксорро монад.