Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Золим чӣ хаёл аст муаддаб бадар ояд?

Золим чӣ хаёл аст муаддаб бадар ояд? Он нест каҷӣ, к-аз думи ақраб бадар ояд. Май чорагари кулфати зуҳҳод нагардид, Тӯфон магар аз уҳдаи мазҳаб бадар ояд? Ором замонест, ки дар илми яқинат Таъсир зи ҷамъияти кавкаб бадар ояд. Ҷуз сӯхтан афсурдадилон ҳеҷ надоранд, Раҳм аст ба хиште, ки зи қолаб бадар ояд. Бо бахти сияҳ чораи хобам чӣ хаёл аст? Бедор шавад соя, гар аз шаб бадар ояд. З-ин марҳала хобида бадар зан, ки мабодо, Овози савор аз суми маркаб бадар ояд. Чун моҳи нав аз шарми заминбӯси ту доғам, Ҳарчанд ки пешониям аз лаб бадар ояд. Хатте зи сияҳкории ман сабти ҷабин аст, Тарсам, ки занад ҷӯшу мураккаб бадар ояд. Он ҷо ки иёри асар аз хӯи ту гиранд, Оташ тарияш чун арақ аз таб бадар ояд. Гар партави ҳусни ту ба ин барқи шукӯҳ аст, Хуршед ҳам аз хона магар шаб бадар ояд. Дар хилвати дил суҳбати авҳом вабол аст, Безорам аз он ҳалқа, ки ё Раб, бадар ояд. Бедил, чӣ қадар ташнаи ихфост маонӣ, Дар гӯш хазад, ҳар қадар аз лаб бадар ояд.