Олами гирифторӣ хуш тасалсуле дорад,
Олами гирифторӣ хуш тасалсуле дорад,
Ҷӯши нолаи занҷир боғи сунбуле дорад.
Ҳамчу кӯзаи дӯлоб ҳар чӣ зери гардун аст,
Ё тараққиоҳанг аст, ё таназзуле дорад.
Парфишонии ишқ аст рангу бӯйи ин гулшан,
Ҳар гуле ки мебинӣ, боли булбуле дорад.
Гар тааллуқи асбоб арзи сад ҷунун ноз аст,
Бениёзии мо ҳам як тағофуле дорад.
Бори шиквапаймоӣ бар дили пур афтодаст,
То тиҳӣ намегардад шиша, қулқуле дорад.
Хоҳ бар тааммул зан, хоҳ лаб ба ҳарф афкан,
Сайри ин баҳористон ғунчаву гуле дорад.
З-инфиоли махмурӣ сархуши тасаллӣ бош,
Ҷабҳа то арақпаймост, соғари муле дорад.
Ранҷи зиндагӣ бар мо нестӣ гуворо кард,
З-ин муҳит нагзаштан дар назар пуле дорад.
Мекашад асиронро аз қиёмат онсӯтар,
Шоҳиди амал,342
Бедил, турфа кокуле дорад.