Ид аст, ғубори сари роҳи ту тавон шуд,
Ид аст, ғубори сари роҳи ту тавон шуд,
Қурбонии қурбони нигоҳи ту тавон шуд.
Уммед шаҳиди дами шамшери ғурурест,
Бисмил зи хами тарфи кулоҳи ту тавон шуд.
Бояд ҳама тан дил шуду ошуфту ҷунун кард,
То маҳрами гесӯи сиёҳи ту тавон шуд.
Таслим зи офоти ҷаҳон бок надорад,
Дар ҷайби худам маҳви паноҳи ту тавон шуд.
Эй хоки хиромат гули фирдавс ба доман,
Ку бахт, ки помоли гиёҳи ту тавон шуд?
Саҳл аст шафоатгарии ҷурми ду олам,
Гар қобили як зарра гуноҳи ту тавон шуд.
Бедил, дили мо тоқати офот надорад,
То кай ҳадафи новаки оҳи ту тавон шуд?