Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Умри арзал,337

Умри арзал,337 эй Худо, магмор бар нерӯи мард, Раъшаи пирӣ мабодо резад оби рӯи мард! То нагардад аҷзи тоқат шабнамэҷоди арақ, Субҳи навмедӣ махандон аз камини мӯи мард. Гар табиат ғайрат андешад зи вазъи инфиол, Сарнигунӣ кам ваболе нест дар абрӯи мард. Банд-банд охир ба ранги мӯ дуто хоҳад шудан, Дар ҷавонӣ нанг агар дорад зи хам зонуи мард. Ҳар чӣ аз осори ғайрат метаровад, ғайрат аст, Ҷавҳари шамшер дорад мавҷ аз оби ҷӯи мард. Баҳри ин нақши нигин то хотаме пайдо кунӣ, «Ло фато, илло Алӣ»338 бинвис бар бозуи мард. Шуълаи ҳиммат нигун шуд, к-аз тасоуд боз монд, Хай шавад, ҳар гаҳ таназзул бурд раҳ дар хӯи мард. Аз азал мавқеъшиносон рабти улфат додаанд Оина бо зонуи зан, теғ бо паҳлӯи мард. Олати ӯ хусяе хоҳад тасаввур карду бас, Дар димоғи ҳез агар афтода бошад бӯи мард. Ҳеҷ кас нагсехт, Бедил, банди авҳоме ки нест, Осмон умрест, мегардад ба ҷустуҷӯи мард.