Сели ғаме ки дод, ҷаҳони хароб дод,
Сели ғаме ки дод, ҷаҳони хароб дод,
Хокам ба бод дод, ба ранге ки об дод.
Роҳат дар ин бисоти ҷунунхез мушкил аст,
Махмал агар шавӣ, натавон тан ба хоб дод.
Ё Раб, чӣ машрабам, ки дар ин шуълаанҷуман
Гардун маям ба соғари ашки кабоб дод?
Ин аст агар шумори табу тоби зиндагӣ,
Имрӯз метавон ба қиёмат ҳисоб дод.
Бар мавҷи офате, чу умеди канор нест,
Тадбири роҳат ин қадарам изтироб дод?!
Сустӣ чӣ мумкин аст равад аз бинои умр?
Натвон ба ҳеҷ печухам ин ришта тоб дод.
Вақти тараҳҳум аст кунун, эй насими субҳ,
К-он шӯх ихтиёр ба дасти ниқоб дод.
Сад навбаҳор хун шуду як ғунча ранг баст,
То бӯса рахши нози туро бар рикоб дод.
Ё Раб, чӣ сеҳр кард хати анбарини ёр,
К-аз ҷӯйи шаб ба мазраи хуршед об дод?
То май ба лаъли ӯ расад, аз хеш рафтааст,
Шабнам наметавон ба кафи офтоб дод.
Анҷоми кори бодакашон ҷуз хумор нест,
Хамёзаҳои ҷоми маям ин шароб дод.
Бедил, суоли чашми бутонро тараф машав,
Яъне, ки сурма ношуда бояд ҷавоб дод.