Сухан, зи машқи адаб, мавҷи гавҳараш гиред,
Сухан, зи машқи адаб, мавҷи гавҳараш гиред,
Кам аст лағзиши хат, гар ба мистараш гиред.
Ба бастани мижа хатм аст дарси илму амал,
Ҳамин варақ ба ҳам ореду дафтараш гиред.
Муҳити ишқ талоше дигар намехоҳад,
Гиреҳ хуред ба таслиму гавҳараш гиред.
Ҳамон ба ҷост худороии димоғи фузул,
Чу шамъ гар ҳама бо ҳар гуле сараш гиред.
Мизоҷи дун ба такаллуф ғанӣ намегардад,
Сум аст, агар суми хар ҷумла дар зараш гиред.
Ба вазъи ибрат агар мумтаҳан шавад тавфиқ,
Зи худ баромадане ҳаст, минбараш гиред.
Гувоҳи даъвии ишқ инфиоли ҷуръатҳост,
Ҷабин агар арақиншост, маҳзараш
гиред.
Хаёли нестӣ осудагист пеш аз марг,
Саре ки нест, даме зери ин параш гиред.
Баҳор номаи ёрони рафта меорад,
Гуле ки во кунад оғӯш, дар бараш гиред.
Димоғи фурсат агар қадрдони сайри дил аст,
Нигаҳ зи хона бурун меравад, дараш гиред.
Даме ки фурсати мавҳуми мо расад ба ҳисоб,
Шумори ҳар чӣ ақалл аст, аксараш гиред.
Камоли Бедил агар хаймаи уруҷ занад,
Зи хок як-ду варақ соя бартараш гиред.