Ғар бӯи вафоро нафас оина набошад,
Ғар бӯи вафоро нафас оина набошад,
Ин доғи дил авлост, ки дар сина набошад.
Сад умри абад ҳеҷ наярзад ба гузаштан,
Имрӯз хушӣ ҳаст, агар дина набошад.
Лаъли ту мубаррост
зи афсуни макидан,
Ин пистаи тар масрафи лавзина набошад.
Такрор мабандед бар авроқи таҷаддуд,
Тақвими нафасро хати порина набошад.
Бар шайх дукондории риш аст мусаллам,
Хирс ин ҳама савдогари пашмина набошад.
Зоҳид ба назар мекунад аз дур сиёҳӣ,
Ин субҳи қиёмат шаби одина набошад?
Лаб кам шиканад муҳри вадиаткадаи роз,
Гар ташнаи расвоии ганҷина набошад.
Аз дил чу нафас мегузарӣ, сахт ҷунунест,
Эй бехабар, ин хонаи оина набошад.
Гар ҳарфи вафо сакта фурӯшад ба тааммул,
Дар риштаи улфат гираҳи кина набошад.
Чун субҳ агар як нафас аз хеш бароӣ,
То боми фалак печухами зина набошад.
Бедил, ҳазар аз офати пайванди алоиқ,
Уммед, ки дар далқи ту ин пина набошад.