Гар шавқ ба роҳат қадаме пеш барорад,
Гар шавқ ба роҳат қадаме пеш барорад,
Чун обила болиданам аз хеш барорад.
Он ҷо ки хаёли ту диҳад арзи таҷаммул,
Танҳоиям аз ҳар ду ҷаҳон беш барорад.
Мақбулию авзои мухолиф чӣ хаёл аст?
Дар дида халад, гар мижа ҳам неш барорад.
Имрӯз дари баста ба рӯи ҳама боз аст,
Оина магар ҳоҷати дарвеш барорад.
Дар нусхаи кайфияти имкон нанавиштанд,
Лафзе ки касе ҳосили маъниш барорад.
Гар шӯхии Лайлӣ нашавад доми таҳайюр,
Маҷуни маро кист, адабкеш барорад?
Фарёд, к-аз ин қулзуми ваҳшат натавон ёфт,
Мавҷе ки нафас бе ғами ташвиш барорад.
Бо барқсаворон чӣ кунад саъйи ғуборам,
Вомондагие ҳаст, агар пеш барорад.
Навмедии савдозадагон низ дуоест,
Уммед, ки он навхати мо риш барорад.
Бедил чаманорои гиребони хаёлест,
Ё Раб, нашавад он ки сар аз хеш барорад.