Муҳаббат ситамгар набошад, набошад,
Муҳаббат ситамгар набошад, набошад,
Вафо заҳматовар набошад, набошад.
Дили ҷамъ муҳрест бар ганҷи иқбол,
Агар киса пурзӯр набошад, набошад.
Шукӯҳе, ки дорад ҷаҳони қаноат,
Ба хоқону қайсар набошад, набошад.
Диле мегудозам ба сад ҷӯши мастӣ,
Маям гар ба соғар набошад, набошад.
Дар афсурданам хуфта парвози анқо,
Чу рангам агар пар набошад, набошад.
Ҳавасҷавҳари тарбият нест ҳиммат,
Фалак сифлапарвар набошад, набошад.
Чӣ ҳарф аст лағзиш ба рафтори маънӣ?
Хате гар ба мистар набошад, набошад.
Ба ҷое ки бошад уруҷи ҳақиқат,
Агар чарху ахтар набошад, набошад.
Чунон бош фориғ зи бори тааллуқ,
Ки бар дӯш агар сар набошад, набошад.
Яқине, ки аз шубҳае дур бинӣ,
Лаби ёр гавҳар набошад, набошад.
Ба хеш ошно шав, чи воҷиб, чи мумкин,
Аразро ки ҷавҳар набошад, набошад.
Паёмест ин эътибороти ҳастӣ,
Ки ҳар ҷо паямбар набошад, набошад.
Аз он остон хоҳ матлуби ҳиммат,
Ки чизе бар он дар набошад, набошад.
Зи аъдоди халқ ончи вомешуморӣ,
Агар воҳид аксар набошад, набошад.
Асар номдор аст, аз оина магзар,
Гирифтам, Сикандар набошад, набошад.
Чи дунё, чи уқбо, хаёл аст, Бедил,
Ту бош, ину он гар набошад, набошад.