Шӯхӣ баҳори табъи чаманзод мешавад,
Шӯхӣ баҳори табъи чаманзод мешавад,
Чандон ки сарв қад кашад, озод мешавад.
Вазъи ҷаҳон сафири
гирифтории ҳам аст,
Мурғи ба дом сохта сайёд мешавад.
Гардест ҷаста мовуман аз пардаи адам,
Охир хамӯшӣ ин ҳама фарёд мешавад.
То чанд дил ба ҳам нагудозад фусуни ишқ?
Сандон ҳам об аз дами ҳаддод мешавад.
Файзи сафо зи суҳбати покон талаб кунед,
Оҳан зи сим байзаи фӯлод мешавад.
Шаб шуд, бинои шамъ муҳайёи оташ аст,
Парвона ку, ки хонааш обод мешавад?
То ибрате ба фаҳм расонӣ, ба аҷз кӯш,
Ранги шикаста силии
устод мешавад.
Наққоши як ҷаҳон ҳавасам кард лоғарӣ,
Мӯи заиф хомаи Беҳзод мешавад.
Ҷоми тағофулаш чӣ қадар даври ноз дошт,
Дод аз фаромушӣ, ки маро ёд мешавад!
З-ин оташе, ки ишқ ба ҷонам фикандааст,
Гар об бигзарад зи сарам, бод мешавад.
Ваҳдат зи худфурӯшии таъдод касрат аст,
Як бар яке дигар зада, ҳафтод мешавад.
Бедил, маонии ту чӣ иқбол доштаст?
Чашми ҳасуд байти туро сод
мешавад.