Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Кори ҷаҳон хоҳ аҷз, хоҳ сарӣ мекунад,

Кори ҷаҳон хоҳ аҷз, хоҳ сарӣ мекунад, Огаҳӣ ин ҷо куҷост, бехабарӣ мекунад. Мақсади азми нафас ҳеҷ намудор нест, Як тапиши побагил номабарӣ мекунад. Кист, к-аз ин хокдон гарди баландӣ накард? Обила ҳам зери по азми сарӣ мекунад. Баски тунукфурсат аст ишрати ин анҷуман, То ба чароғе расем, шаб саҳарӣ мекунад. Забти инони сиришк аз кафи мо бурдаанд, Шавқи париҷилвае шишагарӣ мекунад. Анҷумани майкашон хомушиоҳанг нест, Шишаи мо сангро кабки дарӣ мекунад. Сифла зи касби камол қадри мураббӣ шикаст, Қатра чу гавҳар шавад, бадгуҳарӣ мекунад. Дар ҳама ҳол одамӣ шахси малаксират аст, Лек ба ҷоҳ андаке нози харӣ мекунад. Ҳирс гуворо гирифт талхии идбори манъ, Пеши тамаъ дурбош найшакарӣ мекунад. Ҷавҳари Фарҳод нест, варна, дар ин кӯҳсор Сурати ҳар сангу гил мӯкамарӣ мекунад. Зангу сафои дил аст ғафлату огоҳиям, Оина дар ҳар сифат пардадарӣ мекунад. Бедил, аз ифшои роз мунфаилам кард ишқ, Пеши кӣ нолад адаб, гиря тарӣ мекунад.