Мавҷи гул бе ту хорро монад,
Мавҷи гул бе ту хорро монад,
Субҳ шабҳои торро монад.
Ба фусуни нишот хун шудаам,
Нашъаи ман хуморро монад.
Чашми оина аз тамошояш
Нусхаи навбаҳорро монад.
Зиндагонию гирудори нафас
Арсаи корзорро монад.
Гули шабнамфурӯши ин гулшан
Синаи доғдорро монад.
Чанд бошӣ зи ҳосили дунё
Маҳви фахре ки орро монад?
Шуҳрати эътибор ташҳир аст,
Муътабар харсаворро монад.
Дуди оҳам зи ҷӯши доғи ҷигар
Накҳати лолазорро монад.
Мекашандат зи ҳалқ, хуш бошад,
Ҷоҳ ҳам пойи дорро монад.
То назар боз кардаӣ, ҳеҷ аст,
Умр барқи шарорро монад.
Мижа во кардане намеарзад,
Ҳама олам ғуборро монад.
Маҳви ёрему орзу боқист,
Васли мо интизорро монад.
Бе ту оғӯши гиряолудам
Захми хундарканорро монад.
Сояро нест офати селоб,
Хоксорӣ ҳисорро монад.
Нусхаи сад чаман задем ба ҳам,
Нест ранге, ки ёрро монад.
Мижаи хунфишони Бедили мо
Раги абри баҳорро монад.