Нашъа дудест, ки аз оташи май мехезад,
Нашъа дудест, ки аз оташи май мехезад,
Нағма гардест, ки аз кӯчаи най мехезад.
Аз лаби навхати ӯ гар сухан эҷод кунам,
Ҷомро мӯ ба тан аз мавҷаи май мехезад.
Пир гаштӣ, зи асарҳои амал ибрат гир,
Аз камон баҳри шикастан рагу пай мехезад.
Пештоз аст хурӯши нафас аз ваҳшати умр,
Гарди ҷавлон ҳамаро гарчи зи пай мехезад.
Чӣ хаёл аст, ба хун то ба гулӯ наншинад?
Ҳар кӣ чун шиша раги гардани вай мехезад.
Дил агар оинаи анҷумани имкон нест,
Ин қадар нақши таҳайюр зи чӣ шай
мехезад?
Оламе силсилаперои ҷунун аст, аммо
Гирдбоде дигар аз водии ҳай
мехезад.
Саъйи оҳ аз дили мо печухами ваҳм набурд,
Ҷавҳар аз оина бо мисқала
кай мехезад?
Машав аз офати дамсардии пирӣ ғофил,
Дуде аз табъи нафас мавсими дай мехезад.
Бедил, аз бас ба ғами ишқ саропо гираҳам,
Аз дилам нола ба занҷир чу най мехезад.