Фусурдагиҳои сози имкон таронаамро инон нагирад,
Фусурдагиҳои сози имкон таронаамро инон нагирад,
Ҳадиси тӯфоннавои ишқам, хамӯшӣ аз ман забон нагирад.
Зи дастгоҳи ҷаҳони сурат наям хиҷолаткаши кудурат,
Чу оина дасти бениёзон зи ҳар чӣ гирад, зиён нагирад.
Самоҷат
аст, ин ки оламеро ба сар фикандаст хоки зиллат,
Сабук нагардад ба чашми мардум, касе ки худро гарон нагирад.
Зи даст рафтаст ихтиёрам, ба норасоӣ кашида корам,
Ба сози ваҳшат паре надорам, ки доманам ошён нагирад.
Ба ғайри ваҳшат ба ҳеҷ унвон ҳузури роҳат надорад имкон,
Зи сайди матлаб суроғ кам гир, агар дилат з-ин ҷаҳон нагирад.
Маноз бар мояи таайюн, ки корвони матоъи ҳиммат
Ба чорсӯе ки худфурӯшӣ ривоҷ дорад, дукон нагирад.
Зи худ баро, то расад камандат ба кунгури қасри бениёзӣ,
Ба нардбонҳои чини доман касе раҳи осмон нагирад.
Агар ба азми кушоди корӣ, зи гӯшагирон мабош ғофил,
Ки тир парвозро нашояд, даме ки бол аз камон нагирад.
Каҷ аст таври бинои олам, ту низ сар кун ба каҷадоӣ,
Ки шуҳрати вазъи ростиҳо чу ҳалқаат бар синон нагирад.
Дар оташи ишқ то насӯзӣ, назар ба доғи вафо надӯзӣ,
Ки аз чароғиҳавасфурӯзӣ танӯри афсурда нон нагирад.
Фитодаеро зи хок бардор ё мабар номи иститоат,
Касе чӣ гирад зи сози қудрат, ки дасти вомондагон нагирад?
Агар зи ворастагони шавқӣ, ба фикри ҳастӣ мапеч, Бедил,
Ки ҳиммат оинаи тааллуқ ба дасти доманфишон нагирад.