Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
ХОТИРА
Барои духтарам Робиа, ки маро дар беморхона танҳо нагузошт Эй гул, бирав, ки дар бари ман дер мондаӣ, Бо ман астри панҷаи тақдир мондаӣ. Тақдирро тағйир ба тадб
ВАСВАСАҲОИ ДАРАХТ
Бастанд бо гулӯла садои дарахтро, Гулҳо гирифтаанд азои дарахтро. Мурғон зи шоха як ба як афтанду ҷон диҳанд, Масмум кардаанд ҳавои дарахтро.
ДАР ХОНАҚОҲИ ИБЛИС
Гуфтем, шукрилилаҳ, тарсидаанд гургон, Он ки аз он чарогоҳ кӯчидаанд гургон. Гуфто гавазни озод, пинҳон зи чашми сайёд: Дар кори хеш устод гардидаанд гургон.
БАЛО
Эй дил, ту худ балоӣ, рӯй аз бало магардон, Тасвир гарчи зишт аст, оинаро магардон. Бо ишқ чун дарафтӣ, омодаи хатар бош, Ҳаргиз инони худро аз моҷаро магардон.
ҚОСИДИ САДО
Ман қосиди садои туам, эй диёри дур, Тафсири дардҳои туам, эй диёри дур. Бо захмҳои хеш дар оинаи замон, Тасвири қаднамои туам, эй диёри дур.
ПАЙҒОМ
Ба номаш медиҳам ҷон, муҳтасиб, номам чӣ мепурсӣ? Ман ошиқпешаам, аз куфру исломам чӣ мепурсӣ? Тамоми умр саргарми тавофи Каъбаи ишқам, Кафан бар дӯш мегардам,
ҲЕЧ
Ман хасми ҷони хешам, аз худ куҷо гурезам? Дил мекунад парешам, аз худ куҷо гурезам? Дар бешаи хаёлам андӯҳ реша карда, З-ин ғусса синарешам, аз худ куҷо гуреза
ГУМШУДАГОНИ ШАБ
Гуфтӣ, ки шаб охир шуд, аз ғусса дигар дурем, Шуд субҳи зафар наздик, в-аз шоми хатар дурем. Гуфтӣ, ки сафар саҳл аст, ин қофиларо з-ин пас, К-аз тирраси дуздон
АТРИ МАЪРИФАТ
Уқоби сабукболи рӯинтан имшаб, Маро мерасонад ба он гулшан имшаб. Ғубори дари муршиди ишқбозон, Равони маро мекунад равшан имшаб.
МОРИ ДУСАР
Аз ишқ маро гуфтӣ, бигзар, ки хатар дорад, Ошиқ на зи ҷон тарсад, на ғуссаи сар дорад. Ман ошиқи ҷонбозам, ҷоне ба хатар дорам, Ҳарчанд ки ин бозӣ донам, ки хаб
ХАЁЛИ ТУ
Туро шабе ба гумонам, ки хоб дида Худо, Ва аз хаёли ту атре ба гул дамида Худо. Гирифта шираи ангури токи ҷаннатро, Шароби чашми ту з-он шира офарида Худо.
ГУЛӮИ ШАЙТОН
Ба шукри он, ки баҳор омаду зимистон рафт, Ба гӯши ғунча магӯй он чӣ бар гулистон рафт. Магӯ ба чилчилаҳо боғро чӣ пеш омад, Магӯ зи ғусса чи бар булбули ғазалх
БОҒ
Ба ҳар қатра борон нишонам диламро, Ки бар лолазорон фишонам диламро. Чу саргашта боди саросема то кай, Ба ҳар сӯ шитобон фишонам диламро?
ГАҲВОРАИ БОРОНА*
Мамнуни дили ошиқу девонаи хешам, К-аз ҳиммати ӯ дар бари ҷононаи хешам. Ҷононаи ман Кобулу захмест, ки бо меҳр Парварда ба гаҳвораи Боронаи хешам.
ОСТОНИ ИШҚ
Дил ҷудо аз ҷилваи ҷонон мабод! Ин қанорӣ дар қафас нолон мабод! Пой, агар дар роҳи шайтон рафт, рафт, Эй Худо, дил хонаи шайтон мабод!
РАҲО КАРДАМ
Боли дилро дубора во кардам, Ба ҳавои туяш раҳо кардам. То худои дилам шавӣ рӯзе, Рӯзҳо ман Худо-Худо кардам.
ҲАМНИШИНИ ЛАҲЗА
Ду чашмам кӯр, помоли шабу шайтон шудӣ, Меҳан, Ҷароҳатзори дашту дашнаи дуздон шудӣ, Меҳан. Ба домон Буалиҳо парваронидӣ, вале имрӯз, Кабоби шуълаҳои ҷаҳли фарз
УЧОҚИ ЛОЛА
Баски дар рӯёи хокистарнишинон оташ аст, Дар учоқи лола пиндоранд сӯзон оташ аст. Сабза ноболида сӯзад аз нафасҳои баҳор, Чашма хун гиряд, ки дар рагҳои борон о
ТАНҲО ТУ
Ба фариштае, ки офтоби сӯзони ғурбатро сояи болҳои ӯ таҳаммулпазир сохт. Ба ҳамсарам Сурайё. Танҳо туӣ, ки дар дили ман ҷо гирифтаӣ, Ин хонаро ба зӯр ту танҳо г
ТАБАР
Ишқам намонду оҳи ғамолуд мондааст, Оташ фурӯ нишаста, вале дуд мондааст. Гуфтӣ чу ишқ рафт зи ҳастӣ туро чӣ монд? Хокистар аст, он чӣ ки мавҷуд мондааст.
БЕҲАМЗАБОНӢ
Дилам боз аз ғами ғурбат ба хомӯшӣ фиғон дорад, Парастуи парешонам ҳавои ошён дорад. Наёсояд даме дур аз замину осмони хеш, Намедонад, ки ин ҷо ҳам замину осмон
БАҲОРОН
Ба шоми фоҷиа поён диҳад насими саҳар, Хабар зи субҳи дурахшон диҳад насими саҳар. Булути сӯхтаи дараҳои дӯзахро, Қабои сабзи баҳорон диҳад насими саҳар.
РӮҲИ ДАРЁ
Тамоми умр дар фарёду ғавғоӣ ту, эй дарё! Чӣ гум кардӣ? Чаро дилтангу танҳоӣ ту, эй дарё?! Гарат аз ишқ дарде ҳаст, шабҳо гиря пинҳон кун, Туро ошиқ напиндорам,
ГУЛШАНИ ВАЙРОН
Ба нури дидаам Робиаҷон Ёр агар тарки сафар гӯяду хандон бирасад, Ҷони афсурдаи ман боз ба сомон бирасад. Пеш аз он дам, ки ман аз ҳаҷри рухаш ҷон бидиҳам,
БАҲОНАҶӮ
Боз лабрези орзу шуда дил, Ташнаи хандаҳои ӯ шуда дил. Ку ҳарифе, ки соғаре диҳамаш, Бодаи ишқро сабӯ шуда дил.

