Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ОСТОНИ ИШҚ

Дил ҷудо аз ҷилваи ҷонон мабод! Ин қанорӣ дар қафас нолон мабод! Пой, агар дар роҳи шайтон рафт, рафт, Эй Худо, дил хонаи шайтон мабод! Аз тафили мижаи хунбори мо, Ҷангали уммед бе борон мабод! Эй, ки размидед бо Аҳриманон, Аҳриманро бо шумо паймон мабод! Номатон, эй раҳравони роҳи ишқ, Ҳамрадифи номи номардон мабод! То нарезандаш ба пои хукҳо, Обрӯ чун оби ҷав арзон мабод! Мо зи султону зи дарбон фориғем, Остони ишқро дарбон мабод!