Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

РАҲО КАРДАМ

Боли дилро дубора во кардам, Ба ҳавои туяш раҳо кардам. То худои дилам шавӣ рӯзе, Рӯзҳо ман Худо-Худо кардам. Достони ғамам чӣ мепурсӣ? Ба ту ин қисса борҳо кардам. Дил ба ранги риё наолудам, Гарчи сад кори нораво кардам. Чун зи меҳроб бӯи хун омад, Маъбаде аз вафо бино кардам. Ишқ пайдо шуду имомат кард, Аз паяш ман ҳам иқтидо кардам. Зоҳид аз кина гуфту ман аз меҳр, Роҳи худро аз ӯ ҷудо кардам.