Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ҲАМНИШИНИ ЛАҲЗА

Ду чашмам кӯр, помоли шабу шайтон шудӣ, Меҳан, Ҷароҳатзори дашту дашнаи дуздон шудӣ, Меҳан. Ба домон Буалиҳо парваронидӣ, вале имрӯз, Кабоби шуълаҳои ҷаҳли фарзандон шудӣ, Меҳан. Ба ҳам гар даст медодем, бунёдат намеларзид, Ба ҷони ҳам чу афтодем, ту вайрон шудӣ, Меҳан. Вазид андешаҳои сурху сабз аз чорсӯ бар ту, Ту бе лангар раҳо дар байни ин тӯфон шудӣ, Меҳан. Ба ғурбат низ ёдат ҳамнишини лаҳзаҳоям буд, Напиндорӣ, ки аз чашму дилам пинҳон шудӣ, Меҳан. Зи чашмам хун фурӯ борид, то дидам, ки гирёнӣ, Табассум бар лабам рӯид, чун хандон шудӣ, Меҳан.