УЧОҚИ ЛОЛА
Баски дар рӯёи хокистарнишинон оташ аст,
Дар учоқи лола пиндоранд сӯзон оташ аст.
Сабза ноболида сӯзад аз нафасҳои баҳор,
Чашма хун гиряд, ки дар рагҳои борон оташ аст.
Нест шарми қаҳтсолӣ дар ҷунунободи ҷанг,
Обу ноне гар нашуд пайдо, фаровон оташ аст.
Юсуфи мо хок хоҳад шуд ба Мисри бекасӣ,
Чун зи ихвон ҳиллаҳо дидасту Канъон оташ аст.
Меҳано, доғи туро мӯйи сафед аз дил нашуст,
Бар сарам барф аст, дар ҷонам хурӯшон оташ аст.
Гар димоғам аз каломи шайх месӯзад равост,
Мағзи ман хушк асту баҳси куфру имон оташ аст.
Абри раҳмат гар набошад, бегумон хоҳем сӯхт,
Мо гиёҳи раста аз хокему шайтон оташ аст.