ТАНҲО ТУ
Ба фариштае, ки офтоби сӯзони ғурбатро сояи болҳои ӯ таҳаммулпазир сохт.
Ба ҳамсарам Сурайё.
Танҳо туӣ, ки дар дили ман ҷо гирифтаӣ,
Ин хонаро ба зӯр ту танҳо гирифтаӣ.
Ҷони маро ба нақди муҳаббат харидаӣ,
Дилро ба доми худ ба дилосо гирифтаӣ.
Поям ба ҷурми мастии дирӯз бастаӣ,
Дастам ба поси сустии фардо гирифтаӣ.
Тасвири тавба чашми тарам нақш бастааст,
Моҳи манию хона ба дарё гирифтаӣ.
Бо атри гесувону ба кайфи нигоҳи хеш,
Бӯй аз баҳору нашъа зи саҳбо гирифтаӣ.
Бо чор шоха гул, ки туро ҳаст дар канор,
Ҷойи хуҷаста дар сафи гулҳо гирифтаӣ.
Фонӣ, ситора меҷаҳад аз нӯги хомаат,
Имшаб қалам ба номи Сурайё гирифтаӣ.