Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ТАБАР

Ишқам намонду оҳи ғамолуд мондааст, Оташ фурӯ нишаста, вале дуд мондааст. Гуфтӣ чу ишқ рафт зи ҳастӣ туро чӣ монд? Хокистар аст, он чӣ ки мавҷуд мондааст. Умрест кас муқими сарои вафо нашуд, Ин хона солҳост, ки масдуд мондааст. Ё Раб, гуле зи шуъла бирӯён, ки ҷони мо Андар ҳисори оташи Намруд мондааст. Хокам ба бод додию дар хун нишондиям, Эй осмон, бигӯ, ки чӣ камбуд мондааст? Ҳарчанд пурҷавона шавӣ боз, эй дарахт, Доғи табар ба бехи ту машҳур мондааст. Эй мири корвон, нафасе тундтар бирон, Фарсангҳо ба манзили мақсуд мондааст.