Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ҲЕЧ

Ман хасми ҷони хешам, аз худ куҷо гурезам? Дил мекунад парешам, аз худ куҷо гурезам? Дар бешаи хаёлам андӯҳ реша карда, З-ин ғусса синарешам, аз худ куҷо гурезам? Гӯянд бехабарҳо, ғам нест он қадарҳо, Ғам гӯядам, ки бешам, аз худ куҷо гурезам? Гӯяд ба худ, ки шодам, то ғам равад зи ёдам, Хандад ҷунун ба решам, аз худ куҷо гурезам? Аз ақл баҳра дорам, девонаам махонед, Ошиқ, вале ҳамеша, аз худ куҷо гурезам? Ман ҳеч ҳеч ҳечам, бар ҳеч ҳеч печам, Не нӯшаму на нешам, аз худ куҷо гурезам?