ПАЙҒОМ
Ба номаш медиҳам ҷон, муҳтасиб, номам чӣ мепурсӣ?
Ман ошиқпешаам, аз куфру исломам чӣ мепурсӣ?
Тамоми умр саргарми тавофи Каъбаи ишқам,
Кафан бар дӯш мегардам, зи эҳромам чӣ мепурсӣ?
Дурахшидам даме чун озарахшу маҳв гардидам,
Дар ин зулматсаро оғозу анҷомам чӣ мепурсӣ?
Зи айёми савобат ашку оҳе монда дар зеҳнам,
Ба хун олуда субҳе доштам, шомам чӣ мепурсӣ?
Чамангумкарда мурғе дар ниҳодам зор менолад,
Ало, эй ҳамнафас, аз рамзи илҳомам чӣ мепурсӣ?
Ба куфрам шайх фатво доду ишқ аз ман таҳаммул хост,
Хамӯшӣ посухаш кофист, дашномам чӣ мепурсӣ?
Маро бо худпарастон гуфтугӯе нест, эй қосид,
Забонамро намедонанд, пайғомам чӣ мепурсӣ?
Ба рӯи баҳри нопайдакарони зиндагӣ, Фонӣ,
Яке мавҷи гурезонам,, зи оромам чӣ мепурсӣ?