Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

АТРИ МАЪРИФАТ

Уқоби сабукболи рӯинтан имшаб, Маро мерасонад ба он гулшан имшаб. Ғубори дари муршиди ишқбозон, Равони маро мекунад равшан имшаб. Бигӯ нойро, к-аз ҷудоӣ нанолад, Маро месазад зор нолидан имшаб. Гузашт, он ки аз хештан нафратам буд, Бувад вақти бар хеш болидан имшаб. Аё, офтоби дурахшони ирфон, Худоро, баровар сар аз равзан имшаб. Назар кун бар ин шаҳрванди ғарибат, Бифармо каме марҳамат бар ман имшаб. Зи боғат, ки ҳар барги он чун биҳишт аст, Маро гар диҳӣ бахти гул чидан имшаб. Зи гулҳои ту пур кунам доманамро, Фишонам ба бому дари Меҳан имшаб. Кӣ атри гули маърифат барфишонд, Аз он ҷо ба ҷои ғаму шеван имшаб.