МОРИ ДУСАР
Аз ишқ маро гуфтӣ, бигзар, ки хатар дорад,
Ошиқ на зи ҷон тарсад, на ғуссаи сар дорад.
Ман ошиқи ҷонбозам, ҷоне ба хатар дорам,
Ҳарчанд ки ин бозӣ донам, ки хабар дорад.
Дар шаҳр агар ғавғост, аз бехабарон барпост,
Бо чашм сухан гӯяд, он кас, ки хабар дорад.
Он шайх, ки шабхез аст, не аз паи парҳез аст,
Шаб дар сафи шабгардон, сад кори дигар дорад.
Ҳар лола зи шасти ӯ тире ба ҷигар хӯрда,
Ҳар соқа зи дасти ӯ доғе зи табар дорад.
Он ҷода, ки мепӯяд, пурпечухам аст, эй дил,
В-он вожа, ки мегӯяд, сад зеру забар дорад.
Гар захм хӯрад бар сар, берун машав аз сангар,
В-ар мурд макун бовар, к-ин мор ду сар дорад.