Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ХАЁЛИ ТУ

Туро шабе ба гумонам, ки хоб дида Худо, Ва аз хаёли ту атре ба гул дамида Худо. Гирифта шираи ангури токи ҷаннатро, Шароби чашми ту з-он шира офарида Худо. Зи тарҳи нози ту чун гашта хомааш фориғ, Китоб бастаю даст аз қалам кашида Худо. Супурда кори ҷаҳонро ба дасти Ҳазрати Ишқ, Ва рафта бар фалаки ҳафтум орамида Худо. Чу қасди кишвари ҷон карда ишқи ҳастисӯз, Барои ӯ дили танги маро гузида Худо. Чӣ гуна хештанамро ба банда бифрӯшам? Маро зи рӯзи таваллуд зи ман харида Худо. Зи боли мурғи нафас атри номи ӯ шунавам, Насимвор ба офоқи ман вазида Худо.