Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ГУЛӮИ ШАЙТОН

Ба шукри он, ки баҳор омаду зимистон рафт, Ба гӯши ғунча магӯй он чӣ бар гулистон рафт. Магӯ ба чилчилаҳо боғро чӣ пеш омад, Магӯ зи ғусса чи бар булбули ғазалхон рафт. Магӯ, ки гардани дилро кадом даст шикаст, Магӯ, ки дар ҳақи парвонаҳо чи буҳтон рафт. Магӯ бало зи чи самте ба боғ нозил шуд, Магӯ чаман ба чи фасле ба коми тӯфон рафт. Вале бигӯй ту, эй бод, оби чашма чӣ шуд? Агарчи аз паи обе, ки рафта натвон рафт. Бигӯ, бигӯ, ки бидонанд ташнагони чаман, Ки оби чашмаи мо дар гулӯи шайтон рафт.