Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

БОҒ

Ба ҳар қатра борон нишонам диламро, Ки бар лолазорон фишонам диламро. Чу саргашта боди саросема то кай, Ба ҳар сӯ шитобон фишонам диламро? Бар онам, ки гардун агар вогузорад, Аз ин ранҷ рӯзе раҳонам диламро. Баҳоре ба боли парасту нишинам, Ба боғе, ки хоҳад, расонам диламро. Ба ҳар ғунча лабханди шодӣ бибахшам, Зи ҳар чашма обе чашонам диламро. Аз он боғ чархам агар боз раҳонад, Худам бозгардам, бимонам диламро. Парасту ва ё қумрии паршикаста, Ту худ гӯӣ, Фонӣ! Чӣ хонам диламро?