ВАСВАСАҲОИ ДАРАХТ
Бастанд бо гулӯла садои дарахтро,
Гулҳо гирифтаанд азои дарахтро.
Мурғон зи шоха як ба як афтанду ҷон диҳанд,
Масмум кардаанд ҳавои дарахтро.
Аз мева нест, ин ки хамидаст қоматаш,
Тӯфон шикаста қадди расои дарахтро.
Тухми ҳазор фоҷиа дар зеҳни хок рехт,
Дасте, ки бурд баргу навои дарахтро.
Бар мурдареги дашт навиштему бод бурд,
Аз ҳаҷри об васвасаҳои дарахтро.
Оё шавад, ки гиряи гунҷишки бепаноҳ,
Боз оварад ба раҳм Худои дарахтро.