Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

БАҲОРОН

Ба шоми фоҷиа поён диҳад насими саҳар, Хабар зи субҳи дурахшон диҳад насими саҳар. Булути сӯхтаи дараҳои дӯзахро, Қабои сабзи баҳорон диҳад насими саҳар. Ба даст мангар ашроқ гар кушояд чашм, Дубора машъали имон диҳад насими саҳар. Калиди ҷаннати ҷовидро зи равзани ишқ, Ба дасти куфру мусалмон диҳад насими саҳар. Ба ташнагони биёбони хушки навмедӣ, Навиди чашмаву борон диҳад насими саҳар. Ба ҷисми хаста агар ҷони тоза мехоҳӣ, Биё, биё, ки фаровон диҳад насими саҳар.