ГУЛШАНИ ВАЙРОН
Ба нури дидаам Робиаҷон
Ёр агар тарки сафар гӯяду хандон бирасад,
Ҷони афсурдаи ман боз ба сомон бирасад.
Пеш аз он дам, ки ман аз ҳаҷри рухаш ҷон бидиҳам,
Кош ин ҷони ғамин боз ба ҷонон бирасад.
Маргро заҳра намонад, ки маро зор кушад,
Гар Масеҳои ман аз роҳ шитобон бирасад.
Ёр агар ҷилва кунад, боди баҳорон бидамад,
Боғи уммеди маро муждаи борон бирасад.
Мушкил орам ба кафаш, лек ба дил хурсандам,
Саҳл аз даст равад, он чӣ ки осон бирасад.
Ашк резад чу маро бинаду оре, гиряд
Боғбоне, ки сари гулшани вайрон бирасад.
Чашми ман дар раҳи хуршед шуд аз ғусса сапед,
Шавад оё, ки шаби тира ба поён бирасад?