Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
МУЪҶИЗАИ ИШҚ
То васвасаи шавқ зи ҷо бурд маро, Воқиф нашудам, ки дил куҷо бурд маро. Бо муъҷизаи ишқ ба афлок шудам, Ин бод чу коҳе ба ҳаво бурд маро.
ҲАСУД
Моро сухани ҳасуд ҳайрон накунад, Аз мастию хушдилӣ пушаймон накунад. Мо ринду хароботию бадкора дуруст, Гӯед ба ӯ низ, ки пинҳон накунад.
ХАРМУҲРА
Бо ҷомаи хуб зишт зебо нашавад, Бо саъйи кулол санг мино нашавад. Эй шайх, ба ин ришу ба тасбеҳу ридо, Хармуҳраи ту гавҳари якто нашавад.
БЕЧОРА
Ҷамъе ба талоши тоҷи султонии хеш, Ҷамъе ба хаёли ганҷи пинҳонии хеш. Ин миллати бечора дар ин ҷангу ситез, Пеши кӣ бинолад аз парешонии хеш?
ШОХИ ШИКАСТА
Эй шохи шикаста, аз чаман дур шудӣ, Аз ҳамсафарони боғ маҳҷур шудӣ. Чун бехабарон туро маломат накунам, Ман донаму дил, ки сахт маҷбур шудӣ.
ОШЁНА
Аз ишқ ба дил фасонае буд, чӣ шуд? Бар лаб ғазалу таронае буд, чӣ шуд? Эй нахли куҳан, Худо нигаҳдорат бод, Бар шохи ту ошёнае буд, чӣ шуд?
ПОКДИЛ
Мо масту харобем, вале покдилем, Ҳар ришта, ки покиза набошад гусалем. Хӯрдем фиреби ҳарфи иблисе чанд, Аз содагии хеш кунун мунфаилем.
ГУЛИ СУБҲ
Эй боди сабо, манзили хуршед куҷост? Роҳаткадаи Зуҳраву Ноҳид куҷост? З-ин зулмати пойдор дилтанг шудем, Умрест гули субҳ нахандид, куҷост?
НАВСАФАРОН
Эй шавқ, табаҳ шав, ки табоҳем зи ту, Олуда ба сад гуна гуноҳем зи ту. Мо навсафарони роҳи хуршед будем, Гумгаштаи шабҳои сиёҳем зи ту.
БОЗИЧА
Марг аст ҷудо зи ёрон будан, Чун шохаи хушк бе баҳорон будан. Лекин ба Худо кушандатар аз марг аст, Бозичаи дасти нобакорон будан.
МИНО
Шӯридасарам, магар, ки дарё шудаам? Хушкидалабам, магар, ки саҳро шудаам? Наврӯз расиду ман дар ин базми нишот, Аз гиря пурам, магар, ки мино шудаам?
НАВРӮЗ
Дур аз чаманат ҳавои Наврӯзам нест, Дар сина ба ҷуз оҳи ҷигарсӯзам нест. Ту моми манӣ, зи ту чу дур афтодам, Ҷуз гиря чу тифлони бадомӯзам нест.
ТАРС
Эй нури ниҳон, чӣ гуна пайдот кунам? Ногашта аён, чӣ сон тамошот кунам? Дар қалби манӣ, вале нагӯям ба касе, Тарсам, ки Худо нахоста расвот кунам.
ФИРЕБ
Азбаски бало ба киштзорон омад, Имсол сарафканда баҳорон омад. Шаб буд. Касе дар зад. Гуфтем, ки кист? Афришта ҷавоб дод: Шайтон омад.
МЕҲАН
Эй дар сафару ҳазар ҳамовози дилам, Эй аз ту саранҷому сароғози дилам. Дур аз ту ба ҳар карон, ки пар бикшоям, Бо шаҳпари ёди туст парвози дилам.
ШОИРИ ҚАРН
Шоирӣ сахт мубтазал корест, Шеър агар мадҳи ину он бошад. Шоирӣ сахт беҳадаф шуғлест, Шеър агар васли гулрухон бошад.
РАМЗИ ЗИНДАГӢ
Маро дар даҳр чун барқи сабуксайр, Таваққуф дар раҳи ҳастӣ набошад. Ҷаҳонро аз ҷунуни хеш сӯзам, Агар шармам зи бадмастӣ набошад.
ҲАМНАФАС
Эй дида, шуниданро бояд, ки биёмӯзӣ, В-эй гӯш ту диданро бояд, ки биёмӯзӣ. Эй дил, агарат афлок, пинҳон бикунад дар хок, Чун сабза дамиданро бояд, ки биёмӯзӣ.
ХУШНУДАМ КУНЕД
Дар хазон пайки баҳор омад, ки хушнудам кунад, Дар бало дастам бигирад, фикри беҳбудам кунад. Боди пойизӣ зи ҳар сӯ тунд бар ман мевазад, То дарахти ҳастиямро с
ҲАЗЁН
Бибинед, бибинед, Азозил чиҳо кард? Ба ҳар ҷо, ки хиромид, яке фитна бапо кард. Азозил, Азозил, ҳамон вориси Қобил, Ки ҳамзоди худашро заду кушту хато кард.
ФАЗОИ ТАШНАИ БОҒ
Барои устод Восифи Бохтарӣ Чӣ қадар зи оташу хун, чӣ қадар зи дуд гӯям? Ту биё, ки бо ту имшаб ғазалу суруд гӯям. Ту биё, ки аз гулӯям, ғами куҳнаро бишӯям,
ҶӮЙБОРИ УМЕД
Мори хушхату холӣ, дар назар фиребоӣ, Гарчи сад хатар дорӣ, зиндагӣ чӣ зебоӣ. Гоҳ мезанӣ нешам, гоҳ медиҳӣ нӯшам, Ҳам дилам биёзорӣ, ҳам туам дилосоӣ.
ГУМШУДА
Эҳдо ба равони поки хоҳарам Маҳрия Рамёр, ки марги фарзанди ҷавонро барнатофт ва сапедадами чаҳоруми ҷадии 1383 дар Олмон кулӯлабори андуҳ зиндагониро аз дӯш фу
ҶОМИ ОХИРИН
Охирин сурудаи шоир баъд аз ин ки дарк кард, ки тадовӣ дигар ба ҳолаш муфид воқеъ намешавад. Ба духтарам Сӯфиёҷон Алам нашраҳ бихон, эй дил ва ғамҳоро зи сар во
НАҚШИ ПО
Ба қасди водии Айман ба саҳрое хиромидам, Ки аз Мӯсо хабар ёбам, вале Фиръавнро дидам. Ба ғайр аз нақши пои гургҳои ташнаи ваҳшӣ, Дар он саҳро дигар нақше надид

