НАҚШИ ПО
Ба қасди водии Айман ба саҳрое хиромидам,
Ки аз Мӯсо хабар ёбам, вале Фиръавнро дидам.
Ба ғайр аз нақши пои гургҳои ташнаи ваҳшӣ,
Дар он саҳро дигар нақше надидам, ҳар чӣ нолидам.
Ба ҳар сӯ рафтам аз Фиръавну ёронаш суханҳо буд,
Садое аз гулӯи Ҳақ наёмад, ё ки нашнидам.
Агар гӯяд касе хулди барини хешро дидӣ?
Кашам оҳею бо афсӯс мегӯям: Бале, дидам.
Агар пурсад, ки гулҳои умеде мешкуфад он ҷо?
Забонам лол мегӯям: Аз он гулзор навмедам.
Хатову костӣ аз шаш ҷиҳат бар халқ меборид,
Вафову ростӣ пайдо нашуд, ҳарчанд кӯшидам.
Ҳақиқатро чу дидам бар замини яъс афкандам,
Ҳама бутҳо, ки дар ғурбат барои худ тарошидам.