Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ҶОМИ ОХИРИН

Охирин сурудаи шоир баъд аз ин ки дарк кард, ки тадовӣ дигар ба ҳолаш муфид воқеъ намешавад. Ба духтарам Сӯфиёҷон Алам нашраҳ бихон, эй дил ва ғамҳоро зи сар во кун, Агар дардест дар ҷонат, ба лабхандаш мудово кун. Тамоми умр дарди дил аз он дилбар талаб кардӣ, Аз он дармонгари ҷонҳо кунун дармон таманно кун. Гар аз ғафлат дари дорулшифо рафтаст аз ёдат, Саҳар бархезу дар нури шафақ он роҳ пайдо кун. Чу мор аз пӯст берун рав, ки ҷонатро ҷило бахшӣ, Сипас рози ду оламро ба чашми ҷон тамошо кун. Наҳанге дар ту пинҳон аст, худро гар ту дарёбӣ, Аз ин мурдобҳо бигзар, шино дар қалби дарё кун. Ба ҳукми шаҳриёри ишқ ҷон дар пои ёр афшон, Ба қавли Хоҷаи Шероз бо душман мадоро кун. Агар талх аст ҷоми охирини зиндагӣ, Фонӣ, Зи соқӣ бӯсае бистону он талхӣ гуворо кун.