Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ГУМШУДА

Эҳдо ба равони поки хоҳарам Маҳрия Рамёр, ки марги фарзанди ҷавонро барнатофт ва сапедадами чаҳоруми ҷадии 1383 дар Олмон кулӯлабори андуҳ зиндагониро аз дӯш фурӯ фиканд ва ба ситораҳо пайваст. Ёдаш гиромӣ бод! Зи қафас қанории ман ба чаман чамида рафтӣ, Нашунида зориямро зи барам рамида рафтӣ. Чу парандаи ҷавонат ба шитоб аз барат рафт, Ба шитоб модарона зи паяш давида рафтӣ. Ту, ки ҳар ниҳоли худро зи ду дида об додӣ, Чу ба гул нишаст боғат сабаде начида рафтӣ. Ту ба нимароҳи ҳастӣ, санамо, зи по нишастӣ, Раҳи дури нестиро зи чӣ рӯ гузида рафтӣ? Дили нозукат, надонам, ба чӣ хун тапида бошад, Ки канори бистари худ ту маро надида рафтӣ. Шаби ид ваъда кардам, ки ба диданат биёям, Нарасида ид аз ман, зи чӣ рӯ бурида рафтӣ? Ту, ки ранҷи рӯзгорон нахамид қомататро, Зи фишори ғусса дидам чу камон хамида рафтӣ. Сафарат ба хайр, хоҳар, ба биҳишт парфишон бош, Ки чу мурғи хаста з-ин дом саҳаре парида рафтӣ.