Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ҶӮЙБОРИ УМЕД

Мори хушхату холӣ, дар назар фиребоӣ, Гарчи сад хатар дорӣ, зиндагӣ чӣ зебоӣ. Гоҳ мезанӣ нешам, гоҳ медиҳӣ нӯшам, Ҳам дилам биёзорӣ, ҳам туам дилосоӣ. Гаҳ лабам зи ту хандон, гаҳ дилам зи ту тарсон, Гаҳ тараннуми борон, гаҳ хурӯши дарёӣ. Гаҳ садои занҷирӣ, гаҳ навои такбирӣ, Парда-парда тасвирӣ, сар ба сар тамошоӣ. То ки ҳаҷми ҳастиро аз ҳавас кунӣ лабрез, Ҷӯйбори уммедӣ, чашмаи таманноӣ. Дар умеди ту пинҳон ранҷи ноумедиҳост, Уқдаи дигар бандӣ, ҳар гираҳ, ки бикшоӣ. Дил ба рангу найрангат баъд аз ин нахоҳам баст, Гарчи бо ҳазорон ранг хешро биёроӣ.