ҲАЗЁН
Бибинед, бибинед, Азозил чиҳо кард?
Ба ҳар ҷо, ки хиромид, яке фитна бапо кард.
Азозил, Азозил, ҳамон вориси Қобил,
Ки ҳамзоди худашро заду кушту хато кард.
Азозил, магӯ, кист? Ки ӯ турфа балоест,
Ки дар кӯра камин дошту дар шуъла шино кард.
Чу дар субҳи азал хост Худо саҷда ба Одам,
Ҳама сар биниҳоданд, Азозил ибо кард.
Аз он лаҳза Худованд, дил аз кори ҷаҳон канд,
Ҳама кори ҷаҳонро ба ин дев раҳо кард.
Ҷаҳон дар кафи ин дев чу бозича фитодаст,
Кунун ҳар чӣ ки бошад, магӯед, Худо кард.
Агар кох фурӯ рехт, Азозил барафканд,
В-агар шоҳ гадо гашт, Азозил гадо кард.
Агар барқ дурахшид, Азозил бихандид,
В-агар раъд хурӯшид, Азозил садо кард.
Ба қавле, ки ба кас дод, бар он қавл напоид,
Ба аҳде, ки ба кас баст, дар он макру риё кард.
Ба ин деви табаҳкор, ба ин душмани ғаддор,
Ҳар он кас, ки наёмехт, накӯ карду баҷо кард.