Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ШОИРИ ҚАРН

Шоирӣ сахт мубтазал корест, Шеър агар мадҳи ину он бошад. Шоирӣ сахт беҳадаф шуғлест, Шеър агар васли гулрухон бошад. Шоирӣ сахт ҷонфизо дардест, Шеър агар ишқро забон бошад. Шоирӣ сахт бошараф ишқест, Шеър агар занги корвон бошад. Ҳар кӣ аз шеър машъале афрӯхт, Шоири қарни мо ҳамон бошад.