Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
МАСТИИ ЗАРРА
Дар маҳзари худовандгори Балх Эй зи номат орифонро ҷазба дар ҷон омада, Аз каломат ошиқонро бӯйи ҷонон омада. Ҳар кӣ аз кайфияти базми ту бӯйе бурдааст,
ЧАРХИ ТОРИХ
Надонам чархи торих андар ин ҷо, Чаро бисёр хомӯшона гардад? На ин вайронаҳо мегардад обод, На ин ободҳо вайрона гардад.
АФСУРДА
Дар ин гулшан зи афсурдагиҳост, Ба номи зиндагонӣ марг дорем. Чаман аз ҳастии мо шармсор аст, На соя, на самар, на барг дорем.
ШАРТИ ИШҚ
Ба базме гуфт бо парвона шамъе: Ки шарти ишқ танҳо сӯхтан нест. Чӣ ҳосил гар зи сар то по бисӯзӣ, Чу дар сӯзат фурӯғи анҷуман нест.
ДАРД
Худовандо, пур аз дард аст, ин дил, Вале бо дард хӯ кардаст, ин дил. Зи дардат назди номаҳрам нанолад, Напиндорӣ, ки номард аст, ин дил.
ДАРДИ ДИЛ
Худовандо, чӣ гӯям, худ хабирӣ, Ту худ воқиф зи асрори замирӣ. Зи ҷисми дардмандам дард бардор, Вале дарди дили тангам нагирӣ.
ПАЙК ДАР ХАЗОН
Қалам то сабзии ашъори нағзатро чаман резад, Тамоми боғи ёдатро суман дар пираҳан резад. Биё, бингар, ки дастони дуою орзуи мо, Саломатхоҳиатро гул сари гул нас
СӮГИ САҲАР
Ба он ошиқи хуршед, ки бо тирагиҳо размид ва ба ситорагон пайваст Ё Раб, ҷараси набард хомӯш мабод! Дар сӯги саҳар шафақ сияҳпӯш мабод! Он ошиқи хуршед, к-аз ин
Ё РАБ
Ё Раб, ту гувоҳӣ, ки ба ин чашми пуроб, Аз душману аз дӯст бидидем азоб. Гӯянд савоб аст дил озурдани халқ, Моро ту нигаҳ дор аз ин гуна савоб.
ШИКАСТА
Ё Раб, нигаҳам кун, ки нигаҳдор туӣ, Мо хуфтаву ғофилем, бедор туӣ. Ҳарчанд дилам шикаста навмед наям, Ин ҷинси шикастаро харидор туӣ.
ЁДАМ НАРАВАД
Он домани кӯҳсор ёдам наравад, Он чашмаву он чинор ёдам наравад. Эй Балх, маро ба Шоҳи Мардон савганд, Ҷашни ту ба навбаҳор ёдам наравад.
ОВОРА
Бегона аз ин соҳилу дарёст дилам, Девонаи он домани саҳрост дилам. Тарсам зи биҳишт ҳам гурезон гардад, Овораи кӯчаҳои дунёст дилам.
ҒУССА
Эй дил ба сарам чӣ моҷаро овардӣ? Овора шудию сад бало овардӣ. Ҳар ғусса, ки дар синаи ман ҷой гирифт, Гуфтӣ, ки хуш омадӣ, сафо овардӣ.
МЕҲМОН
Эй сина, зи ғам танӯри сӯзон шудаӣ, Эй дил, ту дар ин танӯр бирён, шудаӣ. Нозам ба ту, эй ишқ, ки дар дӯзахи дард, Дар кунҷи дилам нишаста меҳмон шудаӣ.
ЧАШМА
Эй чашм, нигоҳат ба раҳи кист? Бигӯ! Чашмат нашавад хушк, ғамат чист? Бигӯ! Гар ҳамсафаре ҷудо нагардида зи ту, Ашкат зи чӣ рӯ ҳамеша ҷорист? Бигӯ!
БАДМАСТ
Ҳарчанд чу чашми ёр бадмаст шудем, Шодам, ки ҳарифи ҳар забардаст шудем. То хасм зи ҷонбозии мо об шавад, Сад бор бимурдему зи сар ҳаст шудем.
ДИЛИ МУРДА
Бо шохи шикаста навбаҳорон чӣ кунад? Бо буттаи хушк лутфи борон чӣ кунад? Моро ба бисоти сабзи гулшан мабаред, Дилмурда нишоти сабзазорон чӣ кунад?
ИМДОД
Паймонакашон, майкада обод кунед, Дилҳои зи ғам хуншударо шод кунед. Ҷуръат накунад, ки айби риндон гӯяд, Як ҷуръа агар ба шайх имдод кунед.
САБЗА
Эй дил, ту ба ин дидаи намнок бисоз, Чун гул шудаӣ, агарчи садчок бисоз. То сар бадар орӣ, ба сарат пой ниҳанд, Эй сабза, бурун маёву бо хок бисоз.
ХОК
Гӯед ба мастон, ки дигар ток намонд, Аз базму тараб ҷуз хасу хошок намонд. Гуфтам, ки зи ғам хок ба сар бод кунам, Ғайр аз туи хокӣ, дигарам хок намонд.
НОМАРД
Ё Раб, сари мо ба дори номард мабод, Мурғи дили мо шикори номард мабод. Шамшеру қалам ду ҳарбаи пайкоранд, Ин ҳарду дар ихтиёри номард мабод.
ШАМШЕР ВА ҚАЛАМ
Шамшер агар нест маро дар майдон, Ин хома, ту ночизтар аз теғ мадон. Шамшеру қалам якест ҳангоми набард, Ин захм ба тан мезанад, он неш ба ҷон.
ЧАРОҒИ СУЛҲ
Бе теғ агарчи кори Меҳан нашавад, Бо теғ чароғи сулҳ равшан нашавад. Бо мармии алфоз бикуш душманро, То хуни касе туро ба гардан нашавад.
ФАРСУДА
Эй шайх, агар зи ишқ осуда шавам, Бо ранги риё мабод олуда шавам. Он беҳ, ки кашам ба шодмонӣ нафасе, З-он пеш, ки чун мағз ту фарсуда шавам.
ОСУДА
Сар дар қадами дӯст ниҳодему хушем, Ҷон дар раҳи мақсуд бидодему хушем. Аз ҳалқаи пайравони шайх дур шудем, Осуда зи сад гуна фасодему хушем.

