МАСТИИ ЗАРРА
Дар маҳзари худовандгори Балх
Эй зи номат орифонро ҷазба дар ҷон омада,
Аз каломат ошиқонро бӯйи ҷонон омада.
Ҳар кӣ аз кайфияти базми ту бӯйе бурдааст,
То ҳарими остонат пойкӯбон омада.
Базми ту мар хастагонро доруи дармондагӣ,
Назми ту мар хастагонро оби ҳайвон омада.
Балхи бомиро бинозам, з-он ки аз хокаш падид,
Чун Ҷалолиддин Муҳаммад шаҳсаворон омада.
Ишқро тӯфанда дарёест «Девони кабир»,
«Маснавӣ» ганҷинае аз мағзи Қуръон омада.
Сина хоҳам шарҳа-шарҳа то диҳам шарҳи фироқ,
Нои мо дар нола аз ҳаҷри найистон омада.
Худ намедонам, ки дар ёди ту, эй ороми ҷон,
Дида хун борида, ё аз мижа марҷон омада.
Шод зӣ, эй Қуния, эй хоки ту рашки биҳишт,
К-офтобе дар сипеҳрат аз Хуросон омада.
Офтобе, к-аз тулуъаш мулки ҷон равшан шуда,
Офтобе аз фурӯғаш нури имон омада.
Чист ирфон? Маргро пиндоштан пайки наҷот,
Кист ориф? Он ки ӯро ҷисм зиндон омада.
Ориф он бошад, ки ҷонаш аз бало ёбад ҷило,
Ориф он бошад, ки ӯро дард дармон омада.
Ориф он бошад, ки аз тири маломат рух натофт,
Ориф он, к-ӯ то ба пойи дор рақсон омада.
Ориф он , к-ӯ мазҳабаш ишқ асту дин озодагӣ,
Ориф он , к-ӯ бехабар аз куфру имон омада.
Ориф он , к-ӯ по ба оташ монду гардан хам накард,
Ориф он , к-ӯ шуъла дар пояш гулистон омада.
Шамси Табрезист ориф, он ки аз як ҷилвааш
Нури Ҳақ дар ҷони Мавлоно ба ҷавлон омада.
Номи Мавлоно гирифтам, боз дил девона шуд,
Бӯйи пироҳан, азизон, сӯйи Канъон омада.
Кист аз мо то расонад Пири Румиро салом?
Гӯядаш дар зодгоҳат, бин, чӣ тӯфон омада.
Ҷойи борон тир меборад зи абр андар баҳор,
Ҷойи об, эй хоҷа, хун аз чашмасорон омада.
Ҳеч медонӣ, ки аз бедоди боди меҳргон,