Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
ЛАҲЗАҲОИ ДАШТ
Маро гуфтӣ, ки дар шаҳр аз чӣ дилтангӣ? Чӣ кам дорӣ? Чӣ ғам дорӣ?
АБРҲО
Эй хамидақоматон! Оё зи тарси муҳтасиб ба саҷда сар ниҳодагонро, Чӣ солҳо, ки дар итоати Худову сояҳои Худо, Камони қомати шумо хамида монд.
НИҲОЛИ НУР
Дастони ман чароғ Ангушти ман фатилаву андеша равған аст. Ман хуни хеш медиҳаму нур мехарам, Дар як шаби сиёҳ,
ЧОҲИ ШАБ
Дуо кунед, эй ба чоҳи шаб фитодагон, Ки корвони нур бар сари шумо расад, Вагарна бо вуҷуди фитрати паямбарӣ, Шикори гург мешавед.
ИШҚИ НОТАМОМ
Ман кӯлабори хотираҳои гузаштаро, Дар издиҳоми кӯчаи ҳастӣ тамоми умр Бар дӯши хастаам Ҳар сӯ кашидаам.
ТАЛОШ
Ман он парандаи гуруснаам, Ки пар ба сӯи осмон кушудаам, Ки донаҳои равшани ситораро Зи рӯи биркаи сиёҳи шаб
САНГИ ОШТӢ
Ба мурғакони рафта дар сафар, Ба роҳиёни ҷодаи хатар, Ба он мусофирони шаҳри шаб, Ки бар сафинаи фиребу иштибоҳи худ нишастаанд
РАНГИ АСЛӢ
Кош ман шоир намебудам, То чу ҳар бинандаи дигар Аз канори лаккаҳои хуни инсон Бе тафовут мегузаштам.
ГУЛИ САФЕД
Парвонаҳои барф чу барги гули сафед Рақсанд дар фазои пур аз сардию сукут. Азбас хамӯш монда ту гӯӣ, ки шаҳрро Бигрифтаанд яксара дар тори анкабут.
МЕЛОДИ ХУРШЕД
Хуршедро сипос, ки дар чашми ҳимматаш Кӯҳу гиёҳу қатраву дарё баробар аст. Хуршедро сипос, ки бе ҳеч миннате Файзаш барои ҳар кӣ бихоҳад муяссар аст.
ҲАМСАФАР
Оҳ, ин ҷо куҷост, эй ёрон?Ман куҷоям, куҷо? Намедонам. Мебарандам фариштагон то авҷ, Кӯдаки хобдидаро монам. Сабзаҳо шуста рӯю тоза димоғ,
ХУРӮШИ ОСМОНӢ
Дил ин сӯзи ниҳонӣ аз кӣ омӯхт? Лабам оташфишонӣ аз кӣ омӯхт? Надонам нойи маҳзунам дар ин дашт, Хурӯши осмонӣ аз кӣ омӯхт?
ЛОЛА
Кабоби шуълаҳои орзуям, Хароби ин дили ҳангомаҷӯям. Аз он хоке, ки хун обаш надода, Ба ҷои лола гар бошам, нарӯям.
МАРОМИ ЗИНДАГӢ
Мароми зиндагӣ саъйи мудом аст, Ба роҳи зиндагӣ роҳат ҳаром аст. Ба ғам хӯ гиру аз ишрат бипарҳез, Ки умри ханда чун гул бедавом аст.
ЧАШМИ БЕДОР
Агар ин чашми бедорам намебуд, Кунун бо ғам сарукорам намебуд. Валекин гар дилам дарде намедошт, Башар будан сазоворам намебуд.
ХУДОЁ
Маро бо ин дили дардофарин бахш Худоё, барқи оҳи чархтозе. Дили санг аз шарар холӣ набошад, Дили моро на сӯзе, на гудозе.
ДИЛ
Хаста шуд ин дил аз тапидану ман Хаста аз завқи ҷустуҷӯ нашудам. Маргро рӯ ба рӯйи худ дидам, Бо ту эй рафта рӯ ба рӯ нашудам.
АЗ КАДОМИН ШАБЕХУН?
Дигар магӯ, ки чӣ шуд, чун шуду чӣ пеш омад? Магӯ, ки хирмани моро кадом соиқа сӯхт? Дигар магӯ, кӣ ба ин корвон шабехун зад? Магӯ чӣ аҳримане оташи фасод афрӯх
ТАВСАНИ ЗУҲД
Мухаммас бар ғазали Муштоқи Исфаҳонӣ Бирав, ки чашмам, ҷудо зи рӯяш, ба рӯйи мардум, намешавад во, Бирав, ки дур аз ҷамоли ҷонон, дилам надорад сари тамошо, Ман
ФАРДО
Набарди нохудову хатми тӯфонро салом аз мо, Ба фарқи аждаҳо покӯби гардонро салом аз мо. Биҳамдуллоҳ, ки чашми мо шикасту шабпарастон дид, Тулуъи барқи шамшери
БА ШОҲБОНУИ ҒАЗАЛ
Ба муносибати сафари Симини Бебаҳонӣ Қаҳтсоли ишқ омад, шуд аҷиб давроне, Не ба синаҳо дарде, не ба мижа бороне.
ШАҚОИҚИ ХУНИН
Дастагуле ба мазори хонум Фахрия Калбосӣ Сабо, эй пайки муштоқон, саломамро ба Эрон бар, Ба дорулмулки исломӣ паём аз кофаристон бар. Бикун пур доманатро аз гул
БА ХУРШЕДЕ, КИ ДАР МЕҲРОБ ҒУРУБ КАРД
Гардида дашту кӯҳи Ватан Карбало Алӣ, Афтода марду кӯдаку зан дар бало Алӣ. Исломро бибин, ки чӣ бадном кардаанд, Шайху фақеҳу муҳтасибу порсо Алӣ.
ПАЁМОВАРОН
Шафақи салобати номи ту дили шаб дарида Муҳаммадо, Ба шаби замона паёми ту саҳар офарида Муҳаммадо. Ба раҳат нашуд, ки қадам занам, ба чӣ обрӯ зи ту дам занам,
ҚАЛОБАНД
Ранҷида дилам аз ҳама кас, ғайри Худованд, На май кунадам хушдилу не майкада хурсанд. Ғам бар дилам он гуна гарон аст, ки гӯйӣ Афтода сари синаи ман кӯҳи Дамова

