ЧОҲИ ШАБ
Дуо кунед, эй ба чоҳи шаб фитодагон,
Ки корвони нур бар сари шумо расад,
Вагарна бо вуҷуди фитрати паямбарӣ,
Шикори гург мешавед.
Ва ҷомаҳои пур зи хуни ҳар кадоматон
Гувоҳи бегуноҳии бародарони гургхӯй мешавад
Ва дидаи ҳазор пирамарди бегуноҳ,
Дар интизори атри пайкари шумо
Зи ғусса кӯр мешавад.
Дуо кунед, эй ба чоҳи шаб фитодагон,
Ки умри равшанӣ зиёда бод,
Ки офтоб зинда бод.