ИШҚИ НОТАМОМ
Ман кӯлабори хотираҳои гузаштаро,
Дар издиҳоми кӯчаи ҳастӣ тамоми умр
Бар дӯши хастаам
Ҳар сӯ кашидаам.
Дар имтидоди роҳ чу девонагони шаҳр
Гоҳе нишастаам,
Гоҳе давидаам.
Ҳар раҳгузар, ки дид маро ханда каоду гуфт:
Бечора ошиқ аст,
Оре,
шароби ишқ маро маст кардааст
В-ин ишқ тору пуди маро ҳаст кардааст.
Аммо дареғу дард,
к-аз ин ишқи нотамом,
Ҷуз мушти хотироти парешон барои ман
Чизе намондааст...