Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ТАЛОШ

Ман он парандаи гуруснаам, Ки пар ба сӯи осмон кушудаам, Ки донаҳои равшани ситораро Зи рӯи биркаи сиёҳи шаб Ба коми ташнаам фурӯ кашам. Ту он ситораи хамӯшу равшанӣ, Ки аз даруни тирагӣ, Ба ман нигоҳ мекунӣ Ва бо нигоҳи пурнавозишат Ба болҳои хастаам, Тавони тоза медиҳӣ. Бибин, Ту, эй ситораи хамӯшу сангдил, Ту дар хаёл бо манӣ, Вале аз они дигарӣ. Ситораи манӣ, вале Дар осмони дигарӣ. Гузашта солҳову ман Ба ёди чашмҳои ту Ба сӯи он ситораҳо Ба сӯи донаҳои нур. Ҳанӯз бол мезанам, Агарчи хаста шуд парам. Агарчи донам ин ҳақиқати сиёҳу талхро, Ки ту ба ман намерасӣ Ва ман ба ту намерасам. Вале талоши бошукӯҳи ман Чу барқи ҷовидонаи ситораҳо Талоши ҷовидона аст, Талоши ошиқона аст.